Мулоқот бо Сафири Шри-Ланка

03.09.2025 13:41

3 сентябри соли 2025 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Юсуф Шарифзода бо Сафири Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Фред Сеневиратнеро мулоқот анҷом дод.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳолати муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои рушди ҳамкориҳоро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисод ва тиҷорат, саноат, маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин замина зарурати тавсеаи пояи шартномавию ҳуқуқии ҳамкорӣ ва таъсиси абзорҳои зарурӣ барои густариши робитаҳо дар самтҳои мазкур таъкид гардид.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg