3 сентябри соли 2025 – Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Юсуф Шарифзода, бо Сайид Амин Ул Ҳақ, вакили Ассамблеяи миллии Покистон, Раиси Кумитаи доимӣ оид ба технологияҳои иттилоотӣ ва алоқа ва Ҳамоҳангсози Гурӯҳи дӯстии байнипарламентии Покистону Тоҷикистон, ҳамчунин бо хонум Рабиа Басрӣ, Ҳамоҳангсози умури гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентӣ дар Ассамблеяи миллии Покистон, мулоқот анҷом дод.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи байнипарламентӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо аҳамияти дипломатияи байнипарламентиро таъкид намуда, омодагии худро баҳри таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ изҳор доштанд.
Ҳамчунин нақши Гурӯҳи дӯстии байнипарламентӣ ҳамчун василаи муҳими тавсеаи робитаҳо байни мардумони ду кишвар ва дар таҳкими муносибатҳои суннатии дӯстонаи Тоҷикистону Покистон зикр гардид.