Ба муносибати 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон пазироии расмӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини вазири корҳои хориҷӣ Сайид Алӣ Асад Геллонӣ, мушовири Сарвазир Талҳа Буркӣ, сафирони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ҳайати дипломатии муқими кишвар, кормандони мақомоти давлатӣ, васоити ахбори омма ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Юсуф Шарифзода дар паёми шодбошии худ дар бораи дастовардҳои даврони Истиқлол изҳори назар намуда, таъкид кард, ки бо шарофати сиёсати неку хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Тоҷикистон дар роҳи ҳифзи истиқлол ва соҳибихтиёрӣ, таҳкими асосҳои давлати демкоративу ҳуқуқбунёд ва татбиқи стратегияҳо ва ҳадафҳои авлавиятноки худ қадамҳои устувор мениҳад. Таъкид гардид, ки имрӯз кишвари мо дар ҳалли масоили глобалии ҷаҳон нақши муассир дорад
Дар толори пазироӣ ба маърази меҳмонон гӯшаи мардумшиносӣ аз қабилӣ, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ ва ороишҳои занона, лавҳаҳо ва нигораҳои ниёгон, намоиши аксҳо аз дастовардҳои замони истиқлол, ба намоиш гузошта шуд. Барномаҳои фарҳангию фароғатӣ ва суфраи тоҷикона хотири меҳмононро шод намуд.