12 сентябри соли 2025 – Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон, Юсуф Шарифзода, бо роҳбарияти «Islamabad Sister Cities Initiative» ва гурӯҳи соҳибкорони покистонӣ мулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардида, Сафир дар бораи зарфиятҳои иқтисодиву тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имкониятҳои ҷалби сармояи хориҷӣ ба кишвар муфассал маълумот пешниҳод намуд.
Ҳамзамон, ӯ аз соҳибкорони покистонӣ даъват ба амал овард, то ҳамкориҳои судманди муштаракро бо Тоҷикистон роҳандозӣ намоянд.
Бо ин мақсад, Сафир иштирокдорони мулоқотро даъват намуд, ки дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Dushanbe Invest-2025», ки рӯзҳои 14–16 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, фаъолона ширкат варзанд.