19 сентябри соли 2025 – Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон, Юсуф Шарифзода, бо Президенти навтаъини Палатаи савдо ва саноати Исломобод, Сардор Тоҳир Маҳмуд, мулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои сармоягузорӣ ва густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардида, Сафир доир ба зарфиятҳои иқтисодиву тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имкониятҳои ҷалби сармояи хориҷӣ ба кишвар муфассал иттилоъ дод.
Ҳамзамон, ӯ даъват ба амал овард, то барои роҳандозии ҳамкориҳои судманди муштарак бо Тоҷикистон иқдом намоянд.
Бо ҳамин мақсад, Сафир аз аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Исломобод даъват ба амал овард, ки дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Dushanbe Invest-2025», ки рӯзҳои 14–16 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, фаъолона ширкат варзанд.
