26 сентябри соли 2025 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон, Юсуф Шарифзода, бо Сафири Ҷумҳурии Федералии Демократии Эфиопия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқомат дар шаҳри Исломобод, Ҷамол Бекер Абдулло, бинобар анҷом ёфтани рисолати дипломатиаш мулоқот анҷом дод.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо аз сатҳи бадастомадаи муносибатҳои мутақобилан судманд миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳар ду ҷониб омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангӣ таъкид карданд.
Сафири Ҷумҳурии Федералии Демократии Эфиопия ба Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусоидат ва дастгирӣ дар давраи фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон миннатдорӣ иброз кард.
Дар навбати худ, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон барои идомаи фаъолияти касбии дипломатии Ҷамол Бекер Абдулло орзуи муваффақиятҳои нав намуд.