28 октябри соли 2025 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Юсуф Шарифзода бо Сафири Ҷумҳурии Аргентина Себастян Саюс мулоқот анҷом дод.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳолати муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои рушди ҳамкориҳоро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисоду тиҷорат, маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин замина зарурати тавсеаи пояи шартномавию ҳуқуқии ҳамкорӣ ва таъсиси абзорҳои зарурӣ барои густариши робитаҳо дар самтҳои мазкур таъкид гардид.