Вохӯрӣ бо роҳбарияти Донишгоҳи тиббии Хайбари Покистон

28.10.2025 16:52

28 октябри соли 2025 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон, Юсуф Шарифзода, бо роҳбарияти Донишгоҳи тиббии Хайбар (Khyber Medical University) музофоти Хайбар Пахтунхваи Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкории академӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар мулоқот ҷонибҳо имкони ифтитоҳи филиали Донишгоҳи тиббии Хайбар дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо барномаи таълимӣ дар зинаи бакалавриат аз рӯи ихтисосҳои улуми ёридиҳандаи тиббӣ, аз ҷумла парасторӣ, физиотерапия, биноисанҷӣ, тағзияшиносӣ, дорусозӣ, равоншиносии болинӣ, ортопедӣ, гуфтордармонӣ ва шунавоӣ баррасӣ намуданд.

Роҳбарияти донишгоҳ таъкид намуд, ки татбиқи ин ташаббус ба рушди ҳамкориҳои илмӣ-таҳсилотӣ, баланд бардоштани сатҳи таҳсилоти олӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти илмҳои тиббӣ ва беҳдоштӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg