Аз 3 то 4 ноябри соли 2025 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон, Юсуф Шарифзода, дар Намоишгоҳ ва Конфронси Байналмилалии Баҳрии Покистон (PIMEC 2025), ки дар шаҳри Қарачӣ баргузор гардид, иштирок намуд. Чорабинӣ зери сарпарастии Вазорати корҳои баҳрӣ ва Қувваҳои баҳрии Покистон ташкил гардид.
Дар доираи Конфронси мазкур намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва бахши хусусӣ дар бораи густариши ҳамкорӣ дар самтҳои робитаҳои баҳрӣ, савдо, логистика ва рушди устувори иқтисоди баҳрӣ мубодилаи афкор намуданд.
Зимни баргузории ин чорабинӣ, Сафир бо масъулини соҳавии кишвари иқомат мулоқот анҷом дод. Дар рафти вохӯриҳо ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои нақлиёти баҳрӣ, логистика, идораи бандарҳо ва робитаҳои минтақавиро байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши муносибатҳои судманд ва ҷустуҷӯи роҳҳои нави ҳамкорӣ дар доираи робитаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва бисёрҷониба таъкид намуданд.