Паёми табрикотӣ ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

06.11.2025 13:38

Ҳамватанони азиз!

Боиси фараҳмандист, ки ҳамасола 6 ноябр дар саросари кишвари азизамон — Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихор ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ таҷлил мегардад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, санади сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат буда, ифодакунандаи ормонҳои ҳазорсолаи миллати тоҷик дар роҳи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Қабули он дар давраи душвору ҳассоси таърихи навини кишварамон ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ, барқарории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ замина гузошт.

Ин ҳуҷҷати муҳиму таърихӣ бо ибтикор ва хиради созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иродаи қавии мардуми тамаддунофари тоҷик таҳия ва қабул гардида, ба тавсеаи низоми сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва худшиносии миллӣ дар кишвар такони ҷиддӣ бахшид.

Дар тӯли солҳои истиқлол, Конститутсияи мамлакат ба ҳайси санади олии ҳуқуқӣ самти рушди давлату ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳкими пояҳои қонуният ва суботи сиёсиро таъмин намуда, ба рушди устувори иқтисодӣ ва болоравии сатҳи зиндагии мардум мусоидат кардааст.

Ба ифтихори ин рӯзи муборак, ҳамаи ҳамватанони гиромиро сидқан табрик гуфта, бароятон сулҳу суботи ҷовидона, тандурустӣ, иқболи нек, рӯзгори обод ва комёбиҳои нав таманно менамоем.

Бигзор Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша равшангари роҳи ободу осудаи мардум ва ҳидоятгари миллат дар масири расидан ба ормонҳои миллии тоҷикон бошад.

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg