Рӯзи 4 ноябри соли 2025 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон, Юсуф Шарифзода, бо Губернатори музофоти Синд, Камрон Хон Тессорӣ, дар шаҳри Карачӣ мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистонро баррасӣ намуданд. Меҳвари суҳбат бештар ба соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, маориф, фарҳанг ва робитаҳои байниминтақавӣ бахшида шуданд.
Ҷонибҳо бори дигар таъкид карданд, ки барои таҳкими ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак талошҳои худро идома медиҳанд.