26 ноябри соли 2025 — Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Юсуф Шарифзода бо ҷоизаи 7-уми «Global Ambassador Award 2025» дар Ислобомод сарфароз гардонида шуд.
Ҷоизаи Global Ambassador Award соли 2014 таъсис ёфтааст, ҳамасола аз ҷониби маҷаллаи Diplomatic Insight Group ба сафирон, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, соҳибкорони покистонӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои саҳми онҳо дар рушду таҳкими робитаҳои байналмилалии Покистон, тақдим мешавад.