8 декабри соли 2025 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Шарифзода бо Вазири федералии мудофиаи Покистон, Хаваҷа Муҳаммад Осиф дар он мақом баргузор гардид.
Ҷонибҳо роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистонро баррасӣ карда, омодагии худро барои густариши робитаҳо дар соҳаҳои амниятӣ, мудофиа ва дигар мавзуъҳои дорои манфиати муштарак таъкид намуданд.
Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум ҷараён гирифт.