Президенти Покистон Ҷаноби Олӣ Асиф Алӣ Зардорӣ Сафири Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт

16.12.2025 09:04

16 декабри соли 2025, Президенти Покистон Ҷаноби Олӣ Асиф Алӣ Зардорӣ Сафири Тоҷикистон Юсуф Шарифзодаро дар Айвони Садр ба ҳузур пазируфт.

 Президенти Покистон аз робитаҳои васеи дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорат, дифоъ, энержӣ ва фарҳангро ситоиш намуда, ба густариши ҳамкорӣ, аз ҷумла азсарнавгирифтани парвозҳои мустақим, ба рушди алоқаҳои нақлиёти заминӣ ва роҳи оҳан, инҷунин тадбирҳои беҳтар кардани ҳамгироии минтақавӣ таъкид кард. Дар мулоқот инчунин ҷашн гирифтани 150-солагии таваллуди Аллома Иқбол дар соли 2027 муҳокима гардид, ба таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ ва тавсеаи робитаҳои байни мардумони ду кишвар таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg