17 декабри соли 2025 Вазири федералии мерос ва фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Покистон Аврангзеб Хон Хичӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Исломобод ҳайати расмии фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистонро самимона истиқбол намуд.
Ҳайатро расмиро Сатториён Матлубахон Амонзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарӣ менамояд. Ҳайати фарҳангӣ ҷиҳати иштирок дар Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Покистон, ки аз 17 то 24 декабри соли 2025 баргузор мегардад, вориди Покистон шуд.
Ин сафар аз робитаҳои пойдори фарҳангӣ ва муносибатҳои деринаи дӯстонаи байни Покистон ва Тоҷикистон шаҳодат дода, ба рушди минбаъдаи табодули фарҳангӣ, тақвияти муносибатҳои ва густариши робитаҳои миёни мардумони ду кишвар равона гардидааст.








