Мулоқоти Сафир бо Муовини Сарвазири Покистон/вазири корҳои хориҷии Покистон

20.12.2025 12:04

20 декабри соли 2025 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Шарифзода имрӯз дар Исломобод бо Муовини Сарвазири Покистон/вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Исҳоқ Дар мулоқот анҷом дод. Зимни мулоқот Муовини Сарвазир изҳор дошт, ки Покистон ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои ҳамаҷонибаи дуҷониба бо Тоҷикистон манфиатдор буда, интизори баргузории як қатор мулоқоту тамосҳои сатҳи олӣ бо ҷониби Тоҷикистон дар соли оянда мебошад. Ӯ ҳамчунин ба зарурати густариши ҳамкориҳои зич миёни бахшҳои хусусии ду кишвар таъкид намуда, афзоиши ҳаҷми тиҷорати дуҷонибаи Тоҷикистону Покистонро муҳим арзёбӣ кард. Дар навбати худ Сафир таъкид намуд, ки ҷониби Тоҷикистон ба таҳкими минбаъда ба ҳамкориҳои дуҷониба пойдор аст. 

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg