18 феврали соли 2026 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Шарифзода, бо роҳбарияти Донишоҳи милии илм ва технологияи Покистон (NUST) баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла роҳандозии барномаҳои табодули донишҷӯён ва устодон, татбиқи лоиҳаҳои муштараки таҳқиқотӣ, инчунин рушди ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Сафир омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои густариши равобити академӣ ва таҳкими робитаҳои мустақим байни донишгоҳҳои Тоҷикистон ва NUST таъкид намуд. Роҳбарияти донишгоҳ низ ҳавасмандии худро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд иброз дошт.
Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки ин мулоқот ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва густариши шарикӣ дар соҳаи маориф миёни Тоҷикистон ва Покистон заминаи мусоид фароҳам меорад.

