18 феврали соли ҷорӣ, вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Котиби махсуси Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Покистон Сайид Ҳамид Алӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои рушди савдо, амнияти озуқаворӣ ва таҳкими робитаҳо дар бахшҳои дорои манфиати муштаракро баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои тақвияти ҳамкорӣ дар доираи барномаҳои соҳавӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва табодули таҷриба изҳор дошта, рушди равобити тиҷоратиро омили муҳими ҳамгироии минтақавӣ арзёбӣ карданд.

