Мулоқот бо доираи рӯзноманигорони Покистон

26.02.2026 14:58

 

25 феврали соли 2025 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як гурӯҳ рӯзноманигорони маҳаллии Ҷумҳурии Исломии Покистон мулоқот анҷом дод.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистону Покистон ва дурнамои ҳамкориҳои расонаӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Таъкид гардид, ки васоити ахбори омма метавонад дар таҳкими робитаҳои дуҷониба, рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва фарҳангӣ байни ду кишвар нақши муҳим бозад.

Ҷонибҳо зарурати густариши табодули ҳайатҳои рӯзноманигорон, баргузории семинарҳо ва форумҳои муштаракро барои тақвияти ҳамкорӣ муҳим арзёбӣ намуда, омодагии худро барои идомаи ҳамкории мутақобилан судманд изҳор карданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg