27 феврали соли 2026 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори генералии Идораи рушди забони миллии Покистон профессор Муҳаммад Салим Мазҳар баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон дар соҳаҳои илму маориф, адабиёт, забон ва фарҳангро мавриди баррасӣ қарор доданд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба таҳкими робитаҳои академӣ, табодули олимону муҳаққиқон, таҳқиқоти муштарак ва муаррифии мероси муштараки фарҳангии ду кишвар равона гардид.
Ҳамчунин ҷонибҳо масъалаи таълифи китоб дар бораи Тоҷикистон бо мақсади муаррифии фарогири кишвар дар Покистон ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, аз ҷумла маҳфилҳои адабӣ ва мусиқиро муҳокима намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои судманд таъкид карданд.
