Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо ректори Донишгоҳи NUML

06.03.2026 16:17

5 марти соли 2026, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Покистон бо ректори Донишгоҳи миллии забонҳои муосири Ҷумҳурии Исломии Покистон (National University of Modern Languages - NUML)  Шаҳид Маҳмуд Каёнӣ мулоқот анҷом дод.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкориҳои таълимӣ ва илмӣ, аз ҷумла табодули донишҷӯён ва омӯзгорон, инчунин рушди ҳамкориҳо дар соҳаи омӯзиши забонҳо баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо омодагии худро барои тақвияти робитаҳои академӣ байни донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи NUML таъкид намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg