11 марти соли равон, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон бо Сафири навтаъини Ҷумҳурии Федеративии Демократии Эфиопия дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Умар Ҳуссайн Оба мулоқот анҷом дод.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эфиопияро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба имкониятҳои густариши ҳамкориҳо дар самтҳои мухталиф табодули назар намуданд.
Ҳамчунин тарафҳо омодагии худро барои тақвияти робитаҳо миёни ниҳодҳои давлатӣ ва рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд таъкид карданд. Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ба идомаи муколама ва ҳамкориҳои созанда ҷиҳати таҳкими бештари муносибатҳои дӯстона байни кишварҳо изҳори умедворӣ намуданд.



