1 апрели соли 2026 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Юсуф Шарифзода бо Сенатор Аъзам Назир Тарар, Вазири федералии адлияи Покистон баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистонро баррасӣ намуданд. Таваҷҷуҳи хоса ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон, пояи санадҳои ҳуқуқӣ, табодули таҷриба ва таҳкими муносибатҳои ниҳодҳои дахлдор мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо аз сатҳи кунунии муносибатҳои дуҷонирба изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати идомаи муколамаи созанда ва густариши ҳамкориҳои судманд таъкид карданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо аҳамияти рушди робитаҳо байни сохторҳои марбутаи ду кишварро махсус зикр карда, ба идомаи тамосҳои мунтазам изҳори ҳавасмандӣ намуданд.


