Иштирок дар намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ — Pakistan Travel Mart

06.04.2026 13:09

Аз 3 то 5 апрели соли 2026 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон дар намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ — Pakistan Travel Mart, ки дар шаҳри Қарочӣ баргузор гардид, иштирок намуд.

Дар доираи чорабинии мазкур Сафир бо намояндагони мақомоти давлатӣ ва доираҳои соҳибкорӣ, инчунин бо ширкатҳои пешсафи соҳаи сайёҳӣ як қатор мулоқотҳо анҷом дод. Зимни ин вохӯриҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ, ҷалби сармоягузорӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва густариши робитаҳои мустақими тиҷоратӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сафир ҳамчунин имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, ба иштирокчиён доир ба захираҳои ғании табиӣ, мероси фарҳангию таърихӣ ва имкониятҳои рушди сайёҳии кӯҳӣ, экологӣ ва фарҳангӣ маълумоти муфассал пешниҳод кард. Таваҷҷуҳи махсус ба рушди ҳамкориҳо байни ширкатҳои сайёҳии ду кишвар ва ташкили сафарҳои муштарак зоҳир гардид.

Дар ҷараёни чорабинӣ, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи сайёҳӣ ва баланд бардоштани гардиши сайёҳон байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон таъкид намуданд.

Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ҳамчун омили муҳим барои муаррифии иқтидори сайёҳии кишвар ва таҳкими робитаҳои иқтисодӣ арзёбӣ мегардад.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg