6 апрели соли 2026, мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон бо Наим Собир Хон, Ҳамоҳангсози миллии Покистон доир ба Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба ва роҳҳои таҳкими ҳамкориҳоро дар чаҳорчӯби фаъолияти СҲШ мавриди баррасӣ қарор доданд. Ба густариши ҳамкориҳо дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Ҳамчунин ҷонибҳо зарурати ҳамоҳангсозии минбаъдаи мавқеъҳо, татбиқи ташаббусҳои муштарак ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар доираи созмонро таъкид намуданд.
Дар поёни мулоқот омодагии тарафҳо ҷиҳати идомаи муколамаи созанда ва таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар доираи СҲШ иброз гардид.
