Мулоқот бо Сафири Аргентина

13.04.2026 18:35

13 апрели соли 2026, мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Шарифзода бо Сафири Ҷумҳурии Аргентина Себастиан Саюс дар фазои ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.

Зимни суҳбат ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, ба густариши ҳамкориҳо дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Ҳамчунин доир ба тавсеаи робитаҳои мустақим ва вусъати додан ба ҳамкориҳо дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули афкор анҷом дода шуд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд таъкид намуданд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg