15 апрели соли 2026, мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарият ва аъзои Палатаи савдо ва саноати Гуҷранвала баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба рушди муносибатҳои дуҷониба, бахусус дар самтҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузориро баррасӣ намуданд.
Сафир доир ба имкониятҳои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиро муаррифӣ кард ва соҳибкорони покистониро ба густариши ҳамкориҳои мустақим даъват намуд.
Ҳамчунин дар ҷараёни сафар Сафир аз як қатор корхонаҳои истеҳсолии шаҳри Гуҷранвала боздид намуда, бо фаъолияти онҳо аз наздик шинос гардид.

