Мулоқот бо Вазири тиҷорати Покистон

28.04.2026 10:59

28 апрели соли 2026, дар шаҳри Исломобод мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Покистон Юсуф Шарифзода бо Вазири тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Покистон Ҷам Камол Хон баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба, бахусус дар самти тиҷорат, иқтисод ва сармоягузориро мавриди баррасӣ қарор доданд. Таваҷҷуҳи махсус ба тавсеаи гардиши мол, таҳкими робитаҳои соҳибкорӣ ва истифодаи имкониятҳои фарохи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ равона гардид.

Ҳамзамон, тарафҳо аҳамияти рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои нақлиёт ва ҳамлу нақл, инчунин вусъат додани робитаҳои тиҷоратиро таъкид намуданд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон изҳор намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg