Вохӯрӣ бо Директори генералии PCRWR

05.05.2026 14:52

5 майи соли 2026 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон, Юсуф Шарифзода бо Директори генералии Шурои пажӯҳишии захираҳои оби Покистон доктор Ҳифза Рашид мулоқот анҷом дод.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Покистонро дар соҳаҳои мудирияти захираҳои об, беҳтарсозии сифати об, таҳқиқоти илмӣ ва табодули таҷрибаи мутахассисони соҳавӣ баррасӣ намуданд. Ҳамчунин ба аҳамияти таҳкими ҳамкориҳои ниҳодӣ ва рушди лоиҳаҳои муштараки илмӣ-пажӯҳишӣ таъкид карданд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон доктор Ҳифза Рашидро барои иштирок дар Конфронси чоруми сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018–2028, ки 25-28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват намуд.

Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки натиҷаҳои мулоқот ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи об ва рушди устувори захираҳои табиӣ мусоидат хоҳанд кард.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg