11 майи соли 2026, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Юсуф Шарифзода бо намояндагони расонаҳои рақамии «The Gulf Observer» ва «The Europe Today» мулоқот анҷом дод.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон рушди ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва мероси таърихиро баррасӣ намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва мушкилоти вобаста ба захираҳои обӣ дар минтақа зоҳир гардид.
Сафири Тоҷикистон зимни суҳбат нақши ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об таъкид намуда, доир ба баргузории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018–2028, ки аз 25 то 28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, маълумот пешниҳод кард.
Ҳамчунин аҳамияти густариши ҳамкориҳои иттилоотӣ ва нақши матбуот дар инъикоси масъалаҳои мубрами экологӣ ва обӣ таъкид гардид.
Дар ҳошияи мулоқот меҳмонон инчунин бо китобхонаи Сафорат шинос шуда, доир ба адабиёти тоҷик, мероси бойи таърихию фарҳангӣ, анъанаю суннатҳои миллӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки рушди ҳамкориҳои расонаӣ ва табодули иттилоот ба таҳкими бештари робитаҳои дуҷониба мусоидат хоҳад кард.
https://www.facebook.com/reel/1159371686342728

