Мусоҳиба бо шабакаи “CEO Club Pakistan”

12.05.2026 17:54

12 майи соли 2026 мусоҳибаи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Юсуф Шарифзода бо шабакаи “CEO Club Pakistan” дар доираи лоиҳаи китоби “100 CEOs & Diplomats of Pakistan” баргузор гардид.

Зимни суҳбат масъалаҳои марбут ба дипломатия, муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон, инчунин вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуданд.

Дар ҷараёни мусоҳиба Сафири Тоҷикистон оид ба таъриху тамаддуни қадимаи тоҷикон, арзишҳои фарҳангӣ ва суннатҳои миллӣ маълумот пешниҳод кард. Аз ҷумла, оид ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамчун мероси муштараки фарҳангии минтақа, нақши он ҳамчун пайвандагри тамаддунҳо, инчунин аҳамияти таърихӣ ва маънавии «Устувонаи Куруши Кабир» ҳамчун яке аз якумин санади башардӯстона ва ҳуқуқи инсон ибрози назар гардид.

Ҳамчунин ба нақши ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва пиряхҳо таъкид шуда, доир ба пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об аз ҷониби Тоҷикистон ва баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018–2028 маълумот манзур гардид.

Дар ҳошияи мусоҳиба намояндагони CEO Club Pakistan инчунин аз китобхона ва гӯшаи мардумшиносии Сафорат боздид намуда, бо адабиёти тоҷик, мероси таърихию фарҳангӣ, анъанаҳои миллӣ ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ шинос шуданд.

Дар фарҷоми мусоҳиба ҷонибҳо аҳамияти дипломатияи мардумӣ, рушди ҳамкориҳои иттилоотӣ ва таҳкими робитаҳои фарҳангиро ҳамчун омили муҳими наздикшавии мардуми Тоҷикистону Покистон таъкид намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg