Мулоқот дар Комиссияи таҳсилоти олии Покистон

13.05.2026 14:08

12 майи соли 2026 дар шаҳри Исломобод мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон  Юсуф Шарифзода бо Раиси Комиссияи таҳсилоти олии Покистон доктор Ниёз Аҳмад Ахтар дар доираи вохӯрии сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла рушди робитаҳои байнидонишгоҳӣ, табодули устодону донишҷӯён, инчунин роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои академиро байни муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои иштирокдор баррасӣ намуданд.

Сафир таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамкориҳои илмӣ ва таълимӣ бо кишварҳои минтақа ва Покистон аҳаммияти махсус зоҳир намуда, густариши робитаҳои мустақим байни донишгоҳҳо ва марказҳои илмиро омили муҳими таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамгироии минтақавӣ меҳисобад.

Дар навбати худ, доктор Ниёз Аҳмад Ахтар омодагии Комиссияи таҳсилоти олии Покистонро ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои минтақа иброз дошта, ба аҳаммияти мубодилаи таҷриба ва татбиқи барномаҳои муштараки илмӣ таъкид кард.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколама ва таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва илм изҳор намуданд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg