Мулоқот бо Вазири федералии тағйирёбии иқлими Покистон

14.05.2026 09:12

14 майи соли 2026 дар шаҳри Исломобод мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Юсуф Шарифзода бо Вазири федералии тағйирёбии иқлим ва ҳамоҳангсозии муҳити зисти Ҷумҳурии Исломии Покистон доктор Мусадик Масъуд Малик баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба рушди муносибатҳои дуҷониба, ҳамкорӣ дар соҳаи тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва рушди устуворро баррасӣ намуданд.

Сафири Тоҷикистон оид ба ташаббусҳои ҷаҳониии обии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳамияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти таъмини амнияти обӣ ва ҳифзи пиряхҳо маълумот пешниҳод намуд.

Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028», ки баргузории он дар шаҳри Душанбе дар назар аст, меҳвари суҳбати ҷонибҳо буд. Зикр гардид, ки дар ин ҳамоиши байналмилалӣ, ки иқдоми он суръат бахшидан ба татбиқи ҳадафҳои марбут ба захираҳои обӣ мебошад, ҷониби Покистонро доктор Мусадик Масъуд Малик намояндагӣ менамояд.

Дар навбати худ, доктор Мусадик Масъуд Малик ташаббусҳои Тоҷикистонро дар соҳаи дипломатияи обу пиряхҳо баланд арзёбӣ намуда, аз густариши ҳамкориҳо дар ин самт ҷонибдорӣ кард.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи муколама ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба иброз намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg