Мулоқот бо Сафири Аргентина

15.05.2026 14:51

Рӯзи 15 майи соли 2026 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Юсуф Шарифзода бо Сафири Ҷумҳурии Аргентина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқомат дар Исломобод Себастян Саюш баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Аргентина, таҳкими ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин доир ба густариши  ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо аз сатҳи муносибатҳои дӯстона миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак таъкид карданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg