Бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол 23 майи соли ҷорӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон бозии футбол миёни кормандони Намояндагии дипломатӣ барпо гардид.
Ба ин муносибат Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Юсуф Шарифзода бо сухани табрикотӣ баромад намуда, иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол табрик гуфт. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки ҷавонон нерӯи пешбарандаи ҷомеа ва ояндаи давлат ба шумор рафта, дастгирии онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Қайд карда шуд, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои рушди ҷавонон, тарбияи ватандӯстӣ, ҷалби онҳо ба тарзи ҳаёти солим ва рушди соҳаи варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
Ҳамчунин Сафир дар робита ба Рӯзи ҷаҳонии футбол зикр гардид, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ифтихор ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ гардид, таҷлил менамояд. Таъкид шуд, ки ин иқдом бозгӯи нақши фаъоли Тоҷикистон дар пешбурди арзишҳои варзиш, сулҳ ва ҳамгироии байналмилалӣ мебошад.





