Дар Душанбе ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Покистон баргузор гардид

04.06.2026 13:10

Аз 2 то 3 июни соли 2026 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор шуд.

Дар кори ҷаласа ҳайатҳои расмии ду кишвар таҳти роҳбарии ҳамраисони Комиссия – вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва вазири федералии энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Сардар Аваис Аҳмад Хан Леғарӣ иштирок намуданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои тиҷорату сармоягузорӣ, кишоварзӣ, энергетика, маориф, бонкдорӣ, илм ва технология, сайёҳӣ, сиёсати ҷавонон, варзиш, нақлиёт ва коммуникатсия мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистон ва Покистон дар соли 2025 ба 43 миллион доллари ИМА расида, дар семоҳаи аввали соли 2026 8,9 миллион долларро ташкил додааст.

Дар ҷараёни ҷаласа зарурати афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила, ҷустуҷӯи имкониятҳои нави ҳамкории иқтисодӣ, тавсеаи номгӯи молҳои содиротиву воридотӣ ва таҳкими робитаҳои мустақими соҳибкорону сармоягузорони ду кишвар таъкид гардид.

Ҳамчунин, иштирокчиён аҳамияти стратегии лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000-ро барои рушди ҳамкориҳои энергетикии кишварҳо махсус қайд карданд.

Дар анҷоми ҷаласа ҷонибҳо аз натиҷаҳои бадастомада изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои татбиқи қарорҳои қабулшуда ва густариши минбаъдаи шарикии мутақобилан судманд таъкид карданд.

Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа Протоколи ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон аз ҷониби ҳамраисони Комиссия ба имзо расонида шуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg