12 июни соли 2026 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Юсуф Шарифзода аз Коллеҷи сайёҳӣ ва менеҷменти меҳмонхонаҳо (COTHM) боздид ба амал овард.
Дар ҷараёни боздид Сафир бо фаъолияти муассисаи таълимӣ, барномаҳои омӯзишӣ, имкониятҳои омодасозии мутахассисон дар бахшҳои сайёҳӣ, меҳмондорӣ ва мудирияти меҳмонхонаҳо, инчунин дастовардҳои коллеҷ дар самти рушди захираҳои инсонӣ шинос гардид.
Ҳамзамон мулоқоти Сафир бо роҳбарияти коллеҷ баргузор гардид, зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба байни Тоҷикистону Покистон, аз ҷумла густариши робитаҳо дар соҳаҳои маориф, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос барои бахши сайёҳӣ ва меҳмондорӣ, табодули таҷриба байни муассисаҳои таълимии ду кишвар ва истифодаи имкониятҳои мавҷуда барои таҳкими ҳамкориҳоро баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо аҳаммияти рушди бахши сайёҳиро ҳамчун яке аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои иқтисодию фарҳангӣ таъкид намуда, омодагии худро ҷиҳати густариши робитаҳо ва роҳандозии ташаббусҳои муштарак изҳор карданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ҳамкориҳои уҷониба дар соҳаҳои маориф ва сайёҳӣ минбаъд низ рушд ёфта, ба таҳкими муносибатҳои дӯстона байни ду кишвари бародар мусоидат хоҳанд кард.





