18 июни соли 2026 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Юсуф Шарифзода ба мақсади шиносоӣ бо фаъолияти шабакаи телевизионии HUM News аз идораи марказии ин расона дар шаҳри Исломобод боздид ба амал овард.
Зимни боздид Сафир бо роҳбарият ва ҳайати эҷодии шабака мулоқот намуда, дар бораи вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Покистон, инчунин имкониятҳои мавҷуда барои таҳкими ҳамкориҳои иттилоотӣ ва расонаӣ байни ду кишвар табодули назар намуд.
Ҳамзамон, Сафир ба шабакаи HUM News мусоҳиба анҷом дода, доир ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои гуногуни рушди иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсати хориҷии кишвар, имкониятҳои сармоягузорӣ, иқтидори гидроэнергетикӣ, рушди сайёҳӣ ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу пирях маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Ҷонибҳо аҳамияти нақши воситаҳои ахбори оммаро дар таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ байни халқҳо ва муаррифии имкониятҳои Тоҷикистону Покистон ба ҷомеаи ҳар ду кишвар таъкид намуда, омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои баъдии иттилоотӣ изҳор доштанд.
Бояд зикр намуд, ки натиҷаҳои боздид ва мусоҳибаи мазкур аз ҷониби расонаҳои кишвари маҳалли иқомат, аз ҷумла The Gulf Observer, The Europe Today, The Europe Today Urdu ва EU Herald инъикос гардиданд.




