22 июни соли 2026, мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Юсуф Шарифзода бо Раиси Академияи адабиёти Покистон доктор Наҷиба Ориф баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Покистон, рушди ҳамкориҳои илмӣ, адабӣ ва фарҳангӣ, инчунин густариши робитаҳо миёни муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва фарҳангии ду кишварро баррасӣ намуданд.
Дар рафти суҳбат ба имкониятҳои роҳандозии ташаббусҳои муштараки илмӣ ва адабӣ, табодули таҷриба байни доираҳои академӣ ва татбиқи барномаҳои ҳамкорӣ дар самти омӯзиш ва муаррифии мероси адабию фарҳангии ду кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ҷонибҳо аҳаммияти таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангиро ҳамчун омили муҳими рушди муносибатҳои дуҷониба таъкид намуда, омодагии худро барои тавсеаи ҳамкориҳои минбаъда изҳор доштанд.

