Мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Кения

23.06.2026 20:44

23 июни соли 2026,  мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Юсуф Шарифзода бо Комиссари Олии Ҷумҳурии Кения дар Ҷумҳурии Исломии Покистон генерал-лейтенанти мустаъфӣ Питер Мбого Нҷиру баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Кенияро баррасӣ намуда, оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули афкор анҷом доданд.

Ҳамчунин масъалаҳои густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ, инчунин роҳҳои рушди ҳамкориҳо байни ниҳодҳои дахлдори ду кишвар мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи муколама ва таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кения таъкид намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg