Рӯзи ваҳдати миллӣ ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон муборак бошад! Оромӣ, сулҳ ва якдилӣ бузургтарин неъматҳои мо ҳастанд, ки бояд онҳоро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: «Ваҳдат омили асосии пешрафти ҷомеа ва шукуфоии Ватан аст. Мо бояд ин неъмати бебаҳоро ҳифз кунем ва ба авлоди оянда кишвари ободу зебо ва муттаҳидро мерос гузорем».
Ба ҳар як хонаводаи тоҷик сиҳатмандии комил, хушбахтӣ ва баракати рӯзгорро таманно дорем. Бигзор Тоҷикистони азизи мо таҳти ливои ваҳдат ҳамеша шукуфон бошад!»
Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак ҳамватанони азиз!
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон
