Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Исломобод

27.06.2026 18:54

27 июни соли 2026, дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон бо иштироки ҳамватанони муқими Покистон бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Юсуф Шарифзода иштирокчиёнро ба муносибати ин ҷашни муҳими миллӣ табрик намуда, оид ба аҳамияти таърихӣ ва арзиши бузурги ин ҷашн ибрози назар кард.

Зикр гардид, ки имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997 дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон саҳифаи нав боз намуда, барои барқарор гардидани сулҳу субот, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати ҷомеа ва рушди устувори кишвар заминаи боэътимод фароҳам овард.

Сафир нақши таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар барқарорсозии сулҳ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва пешбурди раванди созандагии кишвар махсус таъкид намуда, иброз дошт, ки маҳз сиёсати хирадмандона, иродаи қавӣ ва талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат боис гардид, ки Тоҷикистон аз оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ раҳо ёфта, ба роҳи сулҳу субот ва рушди устувор қадам гузорад.

Таъкид карда шуд, ки Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ буда, ҳифзу таҳкими он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Дар ин замина, ҳамватанони бурунмарзӣ низ бояд бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳифзи обрӯи Тоҷикистон дар хориҷи кишвар барои таҳкими нуфузи байналмилалии Ватан саҳмгузор бошанд.

Дар баробари ин, Сафир аз қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036», ки бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ёдовар шуд. Қайд карда шуд, ки ин ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон бозгӯи эътирофи нақши кишвари мо ҳамчун давлати сулҳпарвар ва пешбарандаи рӯзномаи ҷаҳонии сулҳу субот мебошад. Сафир таъкид намуд, ки таҷрибаи нодири Тоҷикистон дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ имрӯз на танҳо барои кишвар, балки барои ҷомеаи байналмилалӣ низ аҳамияти муҳим дошта, ташаббусҳои сулҳофарини Тоҷикистон дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид аз обрӯ ва нуфузи рӯзафзуни кишварамон дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳанд.

Дар фарҷоми суханронии худ Сафир ҳамватанонро ба ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳтироми арзишҳои давлатдорӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол даъват намуд.

Дар идомаи чорабинӣ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ филми мустанад оид ба таърихи барқарорсозии сулҳ, дастовардҳои ваҳдати миллӣ ва нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу суботи Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд. Филми мазкур аз ҷониби иштирокчиён бо таваҷҷуҳи зиёд тамошо гардида, аҳамияти ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ ва арзиши он барои рушди давлат ва ҷомеаро боз ҳам равшантар инъикос намуд.

Қисми фарҳангии чорабинӣ дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, иштирокчиён доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ва аҳамияти Ваҳдати миллӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ба муносибати ин ҷашни фархунда барои меҳмонон суфраи тоҷикона ороста шуд.

Чорабинӣ дар фазои гарму самимӣ ва рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ анҷом пазируфт.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg