Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Конгресси байналмилалии парламентчиён

01.07.2026 09:38

30 июни соли 2026, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Юсуф Шарифзода бо Дабири кулли Конгресси байналмилалии парламентчиён (International Parliamentarians' Congress – IPC) хонум Ситора Айёз мулоқот анҷом дод.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳким ва густариши ҳамкориҳои байнипарламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистонро мавриди баррасӣ қарор дода, аҳамияти рушди муколама миёни мақомоти қонунгузори ду кишвар, густариши табодули таҷриба байни вакилони парламентҳо, инчунин таҳкими ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро таъкид намуданд.

Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои ташкили чорабиниҳои муштарак бо иштироки намояндагони доираҳои сиёсӣ, илмӣ ва коршиносӣ дар чаҳорчӯби чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба муносибати таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сафир   зимни мулоқот оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ, сиёсати хориҷии кишвар таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаҳои об, пиряхҳо ва таҳкими сулҳу суботи ҷаҳонӣ маълумот пешниҳод намуд.

Дар навбати худ, Дабири кулли Конгресси байналмилалии парламентчиён Ситора Айёз омодагии ин ниҳодро барои рушди ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, густариши дипломатияи парламентӣ, табодули таҷриба ва татбиқи ташаббусҳои муштарак, аз ҷумла баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ, изҳор намуд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои судманд ва таҳкими минбаъдаи робитаҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конгресси байналмилалии парламентчиён таъкид карданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg