Мулоқот бо Сафири Малдив

03.07.2026 09:49

2 июли соли 2026, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Юсуф Шарифзода бо Сафири Ҷумҳурии Малдив дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Уз Муҳаммад Тоҳа мулоқот анҷом дод.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба таҳким ва густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Малдивро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ҷараёни суҳбат оид ба дурнамои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сайёҳӣ, маориф ва фарҳанг табодули афкор сурат гирифта, ҷонибҳо ба истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда барои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Сафири Тоҷикистон ҳамтои худро бо дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ, самтҳои асосии сиёсати хориҷии кишвар, инчунин ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаҳои об, ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими сулҳу суботи ҷаҳонӣ шинос намуд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи муколамаи созанда, таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба ва рушди робитаҳои дӯстона байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Малдив таъкид карданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg