Муносибатҳои Тоҷикистон бо Покистон

11.06.2020 10:10

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶТ) ва Ҷумҳурии Исломии Покистон (ҶИП) 6 июни соли 1992 барқарор шуданд. Ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон аз ибтидои соли 1991 шурӯъ мешавад. 

Соли 1993 ҶИП дар ҶТ Сафорати худро боз намуд ва фаъолияти он аз ибтидои соли 1994 шурӯъ гардид.

Ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон бо кӯшишҳои тарафайн бемайлона рушд меёбанд. Тайи 31 соли муносибатҳо 8 маротиба сафарҳои расмӣ ва давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон (моҳи марти соли 1994, соли 1996, соли 1997, 12-14 майи соли 2004, 7-10 марти соли 2011, 12-13 ноябри соли 2015, 2-3 июни соли 2021 ва 14-15 декабри соли 2022) сурат гирифтааст.

Ҳамчунин 1 марти соли 2017 сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷиҳати иштирок дар 13-умин Саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар шаҳри Исломобод баргузор гардид.

2 июни 2021 сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон баргузор гардид, ки дар рафти он 12 санади ҳамкорӣ имзо гардид.

14 декабри 2022 сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон баргузор гардид, ки дар рафти он 8 санади ҳамкорӣ имзо гардид.

15 сентябри 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф мулоқот анҷом доданд.

13 октябри 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи Ҳамоиши Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Покистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

8 ноябри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи Иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф мулоқот карданд.

Рӯзи 28 августи соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Кумитаи муштараки сардорони ситодҳои Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон генерал Соҳир Шамшод Мирзоро ба ҳузур пазируфтанд.

26 октябри соли 2023 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар доираи ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии исломии Покистон Ҷалил Аббос Ҷелонӣ мулоқот намуд.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон 3 маротиба бо сафарҳои расмӣ ва корӣ (2-3 июни соли 2002, 28-30 июли соли 2009, 24 -26 марти соли 2012) ба Тоҷикистон ташриф овардааст. Инчунин тайи солҳои охир сафари расмӣ ва кории Сарвазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ба Душанбе (17-18 июни соли 2014, 9-10 июни соли 2015 (сафари корӣ барои иштирок дар Конфронс об барои ҳаёт), 11-12 майи соли 2016 (маросими ифтитоҳи корҳои сохтмонии лоиҳаи CASA-1000), 5-6 июли соли 2017 (сафари расмӣ ҷиҳати иштирок дар мулоқоти Сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои иштирокчии тарҳи CASA-1000) ва 16-17 сентябри соли 2021 (17 - сентябр 2022, сафари расми ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ-20 солагии СҲШ) сурат гирифтааст.

31 марти 2021 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти дуҷониба байни вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, ки бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар Нуҳумин Конфронси вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” дар таърихи 29-31 марти 2021 дар Душанбе қарор дошт, баргузор гардид.

21 марти 2022 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сироҷиддин Муҳриддин бо Сарвазир ва вазири корҳои хориҷии Покистон, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 48-уми Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ дар таърихи 21-23 марти 2022 дар Исломобод қарор дошт, баргузор гардид.

28 июли соли 2022 дар шаҳри Тошканд дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Биловал Бҳуто Зардарӣ баргузор гардид.

23 январи соли 2023 дар шаҳри Тошканд дар доираи баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Биловал Бҳутто Зардарӣ вохӯрӣ анҷом дод.

13 апрели соли 2023 дар шаҳри Самарқанд дар ҳошияи 4-умин Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳаммарз бо Афғонистон мулоқоти дуҷонибаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон хонум Ҳина Раббонӣ Кхар баргузор гардид.

Миёни ду кишвар Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ фаъолият дорад, ки яке аз механизмҳои асосии рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. 2 июли соли 2019 ҷаласаи шашуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Покистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва техникӣ дар Душанбе баргузор гардид.

Дар соли 2022 гардиши савдои хориҷии дуҷониба бо Ҷумҳурии Исломии Покистон 32,477 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021 6% афзоиш ёфтааст.

Ҳамзамон ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон хеле феъол мебошад.

20.11.2023

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg