Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Раиси Ниҳоди миллии идоракунии офатҳои табиии Покистон

28.11.2019 13:15

26 ноябри соли 2019 Сафири Тоҷикистон дар Покистон Исматулло Насредин бо Раиси Ниҳоди миллии идоракунии офатҳои табиии Ҷумҳурии Исломии Покистон генерал-лейтенант Муҳаммад Афзал вохурӣ намуд.

Муҳаммад Афзал намояндаи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хайрамақдам гуфта, аз таасуроти сафари худ ба Душанбе дар моҳи сентябри соли 2019 бо изҳори қаноатмандӣ ва сипоси бепоён ёдовар шуд.

Сафири Тоҷикистон оид ба даъвати гурӯҳи кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон ба Покистон барои омӯзиш изҳори ташаккур намуда, қайд кард, ки дар оянда низ ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва рафъи офатҳои табиӣ миёни ду кишвар бояд густариш ёбанд.

 Дар ҷарраёни мулоқот аз ҷониби генерал Муҳаммад Афзал масъалаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои минтақавӣ баҳри рафъи офатҳои табиӣ ва кумакҳои саривақтии муштараки кишварҳо пешниҳод гардид.

 Ҷонибҳо ҳамчунин дар бораи рафти ҳолати баррасии лоиҳаи санади дуҷониба оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода муҳокимаронӣ намуда, зарурати ба имзо омода сохтани онро қайд карданд.

IMG-20191126-WA0053.jpg

 

Нигористон

Тақвим