Иштироки Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозори хайриявии 2019

28.11.2019 13:24

24 ноябри соли 2019 бо даъвати Анҷумани занони Вазорати корҳои хориҷии Покистон Сафорати Тоҷикистон дар Исломобод дар бозори хайриявии 2019 ширкат намуд.

         Барои иштирок дар ин чорабинӣ сафоратҳо ва намояндагиҳои дипломатӣ, корхонаву ширкатҳо ва намояндагиҳои тиҷоратӣ даъват шуда буданд.Чорабинро хонум Самина Алвӣ, ҳамсари Президенти Покистон ҳусни оғоз бахшид.

Сафорати Тоҷикистон мизи худро бо маҳсулотҳои хӯрока ва намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ороиш дод. Намояндагии дипломатӣ ин чорабиниро дар робита ба мақсадҳои “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” 2019-2021 истифода намуд. Хонум Самина Алвӣ ва ҳамроҳонаш аз мизи Тоҷикистон дидан карда, нисбат ба маводҳои гузошташуда тавваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Инчунин аз ҷониби фарзандони кормандони Сафорат барномаи рақси тоҷикӣ бо намоиши либосҳои миллӣ ба таваҷҷуҳи иштироккунандагони чорабинӣ пешниҳод гардид. 

IMG-20191126-WA0042.jpg

 

Нигористон

Тақвим