Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Покистон

24.10.2019 14:26

23 октябри соли 2019 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Исматулло Насредин бо Вазири федералии корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби Иҷоз Аҳмад Шоҳ мулоқот анҷом дод.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои самараноки дуҷониба дар самти мубориза бо терроризми байналмилалӣ, мусоидат дар таъмини суботу оромӣ дар минтақа ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми тарафайн муҳокима гардиданд.

Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.

Surat-SAFIR-bo-Vaziri-korhoi-dokhilai-Pokiston-24-10-2019-1510.jpg

 

Нигористон

Тақвим