Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо муовини Раиси Сенати Покистон

15.05.2019 14:31

15 майи соли 2019 дар Исломобод мулоқоти Сафири Тоҷикистон Исматулло Насредин бо муовини Раиси Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон Салим Мандвивалла баргузор гардид.

Дар ҷарраёни вохурӣ маҷмӯи масъалаҳои дуҷониба ва рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт, тиҷорат, ҳамкориҳои ҳарбӣ, ба роҳ мондани алоқаи нақлиётӣ, татбиқи санадҳои баимзорасида, рафти иҷрои лоиҳаи СASA-1000 муҳокима шуданд.

Ҳамчунин масъалаҳои тақвияти кори Гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии ду кишвар, табодули сафар ва таҷриба, мусоидат дар раванди муносибатҳои ҳарду кишвар мавриди баррасӣ қарор гардиданд.

aksho-2.jpg

 

Нигористон

Тақвим