Сафари расмии Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ба Ҷумҳурии Исломии Покистон

15.04.2019 14:36

Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо аз 9 то 11 апрели соли 2019 бо сафари расмӣ ба Покистон ташриф овард. 9 апрели соли равон мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо Раиси Ситоди муттаҳидаи Артиши Покистон генерал Зубайр Маҳмуд Ҳаёт ва Вазири мудофиа Парвиз Хатток баргузор гардид. 10 апрел Вазири мудофиаи Тоҷикистон дар шаҳри Паббӣ аз Маркази миллии зиддитеррористӣ, Академияи ҳарбӣ ва корхонаҳои ҳарбӣ-истеҳсолии Покистон дидан кард. Дар рӯзи охири сафар ӯ бо Президенти Покистон Ориф Алвӣ, Сардори артиш Қамар Ҷовид Баҷва ва Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ мулоқот намуд.

Зимни музокироту гуфтушунидҳо масъалаҳои таҳкиму тавсеа бахшидани ҳамкориҳои самараноки дуҷониба дар соҳаи низомӣ, амният, мусоидат дар таъмини суботу оромии Афғонистони ҳамсоя, муборизаи муштарак бо терроризми байналмилалӣ ва ғайра, муҳокима гардиданд.

Мулоқоту гуфтушунидҳо дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум сурат гирифта

bo-prezident.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg